25 Апрел 2025 - 19:21
Source: ABNA
Арабистони Саудӣ дар муносибат бо шиъаён ҳамеша табъизомез амал кардааст

Яке аз раҳбарони Маҷлиси ваҳдати мусалмонони Покистон, бо интиқод аз рафтори табъизомези саудиҳо нисбат ба шиъаён ва боздошти Оллома Ғулом Ҳуснайни Ваҷдонӣ, хостори озодии фаврии ин рӯҳонӣ шуда ва аз Вазорати умури хориҷии Покистон хостааст, ки бо истифода аз имкониятҳои дипломатӣ, пайгири ҳалли ин масъала шавад.

Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳли Байт (а) – Абно – Ҳуҷҷатул-ислом Мақсуд Алӣ Домкӣ, яке аз раҳбарони аршади Маҷлиси ваҳдати мусалмонони Покистон, нисбат ба боздошти Оллома Ғулом Ҳуснайни Ваҷдонӣ, аз уламои барҷастаи Балучистон ва имоми намози ҷумъаи Кветта, дар Арабистони Саудӣ изҳори нигаронии шадид кард.

Вай гуфт: “Боздошти беасоси як олими барҷаста, амали таассуфовар ва таҳдиде барои ваҳдати уммати исломист. Мо аз ҳукумати Саудӣ хоҳиш мекунем, ки Оллома Ғулом Ҳуснайни Ваҷдониро фавран озод кунад.”

Оллома Домкӣ ҳамчунин аз Вазорати умури хориҷии Покистон хост, ки ба зудӣ тавассути мақомоти саудӣ пайгири қазия шуда ва бо авлавият, аз роҳҳои дипломатӣ озодии эшонро кафолат диҳад.

Вай таъкид кард: “Ҳукумати Саудӣ бояд рӯшан кунад, ки Оллома Ваҷдонӣ бо кадом иттиҳом боздошт шудааст. Агар масъалаи ҳуқуқӣ дар миён аст, бояд ба шакли шаффоф ва ошкоро матраҳ шавад.”

Узви аршади Маҷлиси ваҳдати мусалмонони Покистон қайд кард: “Эҳтиром ба шахсиятҳои динӣ ва ҳифзи амнияти онҳо, аз талаботи асосии ҳуқуқи башари байналмилалист. Мутаассифона, гузоришҳои зиёде аз рафтори табъизомез бо шиъаён дар Арабистони Саудӣ вуҷуд дорад.”

Оллома Домкӣ таъкид кард, ки Маҷлиси ваҳдати мусалмонон дар канори Оллома Ваҷдонӣ ва хонаводаи эшон истодааст ва дар тамоми маҷомеъи миллӣ ва байналмилалӣ садои озодии вай хоҳад буд.

Вай ҳамчунин аз созмонҳои ҳуқуқи башар хост, ки мавзӯъи боздошти ин олими динӣро бо ҷиддият пайгирӣ кунанд ва гуфт: “Агар сӯитафоҳуме дар кор аст, эшон бояд фавран озод шаванд, ва агар раванди қазоӣ дар миён аст, ҳаққи дифои комил ва додрасии одилона бояд барояшон фароҳам шавад.”

Дар поён, вай дуо кард: “Худованд Оллома Ғулом Ҳуснайни Ваҷдониро дар паноҳи худ нигоҳ дорад, бар иззат ва каромати эшон биафзояд ва озодии зуди онҳоро муқаррар фармояд.”

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha